Тоҷикистон ба макони маҳбуб барои русҳо табдил ёфт

Теъдоди сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ хеле афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Шумораи шаҳрвандони Русия, ки аз Тоҷикистон дидан намуданд, рекорди панҷсоларо шикаст. Дар ин бора аз омори нашркардаи Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия бармеояд. Ин маълумот аз моҳи июл то сентябри соли 2022 сабт шудааст.
Шумораи умумии шаҳрвандони Русия, ки ба ориҷ сафар намудаанд дар инмуддат ба 9,7 миллион нафарро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба семоҳаи дуюм (5 миллион нафар) тақрибан ду баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион нафар зиёд аст.
Душанбе яке аз машҳуртарин маконҳо барои истироҳати москвагиҳо шуд
Дар ҳамин ҳол, шумораи сафарҳо ба хориҷа нисбат ба соли пеш аз пандемия 2019 камтар буд, ки дар ҳамин давра 16,1 миллион сафар ба қайд гирифта шудааст.
Омори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст:
Қазоқистон — русҳо дар семоҳаи сеюм 1,3 миллион маротиба ворид шуданд;
Қирғизистон – 167 ҳазор маротиба (100% зиёд нисбат ба соли 2019);
Ӯзбекистон – 126 ҳазор маротиба (102% зиёд нисбат ба соли 2019).
Ёдовар мешавем, ки вуруд ба Тоҷикистон дар сурате иҷозат дода мешавад, ки шаҳодатномаи ваксина дар бораи ковид ё натиҷаи санҷиши ПСР на дертар аз 72 соат пеш гузашта бошед.