ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар қаҳвахонаи Кострома ба 15 нафар расид. Дар ин бора хадамоти изтирории ин вилоят хабар дод.
"Тибқи маълумоти охирин, аллакай 15 қурбонӣ ҳастанд", гуфта мешавад дар гузориши хадамот.
Қаблан дар бораи кушта шудани 13 нафар хабар дода шуда, ҷасади ду нафари дигарро наҷотдиҳандагон ҳангоми таҳлили харобаҳо пайдо карданд.
Ба иттилои хадамоти изтирорӣ, панҷ нафар бар асари нафастангӣ дар сӯхтор ба ҳалокат расида, ҷасади боқимонда аз харобаҳо пайдо шудааст.
Маълум аст, ки оташнишонон аллакай сӯхторро хомӯш карданд.
Сӯхтор дар қаҳвахонаи "Полигон" дар кӯчаи Никитскаяи шаҳри Кострома ба амал омада, майдони 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Ба ҷои ҳодиса 50 наҷотдиҳанда ва 20 адад техника ҳозир шудаанд, хабар медиҳад Сарраёсати вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар минтақа.
Корҳои наҷотбахшӣ бо таҳдиди фурӯ рафтани боми бино монеъ шуда, дар натиҷа он комилан фурӯ рафтааст. Аз бинои сӯхта 250 нафар берун карда шуданд.
Ба навиштаи расонаҳо, сабаби сар задани сӯхтор, тибқи маълумоти пешакӣ, метавонад истифодаи маводи пиротехникӣ бошад.