ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Марди 39-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз сӯи кормандониҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб 22700 доллари як сокини шаҳри Хуҷандро гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ аз биноҳои навсохт дар масоҳати 70 метр мураббаъ хонаи истиқоматӣ харида медиҳад.
Манбаъ меафзояд, ҳарчанд маслиҳати онҳо моҳи июнни соли равон сурат гирифт, вале богузашти панҷ моҳ, сокини Хуҷанд на соҳиби хонаи нав шудва на пули додагияшро баргардонд.
Феълан марди қаллоб дар боздошт қарор дорад ва тафтишот алайҳи ин ҳодиса ҷараён дорад.
ВКД мегӯяд, боздоштшуда пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.