Артиши Исроил ба як минтақаи Навори Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Чанде пеш артиши Исроил аз ҳамлаҳо ба қаламрави Навори Ғазза пас аз талоши ҳамлаи мушакӣ ба Исроил хабар дод.
"Дар вокуниш ба партоби мушак ба сӯйи Исроил аз Навори Ғазза, ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил шаб ба як иншооти зеризаминии низомии Ҳамос, ки ба ҳайси маҷмааи таҳия ва тавлиди мушак дар навори Ғазза истифода мешуд, ҳамла карданд", - омадааст дар баёнияи артиши Исроил.
Ба гуфтаи низомиёни исроилӣ, ин ҳамла ба талошҳои Ҳамос барои таҳкими силоҳи мушакии худ ба таври қобили мулоҳиза монеъ мешавад.