ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа сардори РВКД дар вилоят Шариф Назарзода, прокурори вилоят Парвиз Орифзода, раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, роҳбарони комиссияҳои ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо ва дигар идораву муассисаҳои дахлдор даъват шуданд.
Мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки вилоят Ҳавобегим Сафарқулова, дар ин ҷаласа қайд кардааст, ки тибқи нақшаи комиссия танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба рейди шабонарӯзӣ баҳри пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузориши хаттӣ манзур гардид.
Зикр гардидааст, ки давоми нуҳ моҳ 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон сабт шуда, нисбат ба 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки раиси вилоят мудирони бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва шуъбаҳои маорифро дастур дод, ки назоратро дар самти ба мактаб ҳозир шудани хонандагон бо либоси ягона ва бидуни телефонҳои мобилӣ пурзӯр намоянд.
Раиси ВМКБ дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки дар асоси дастури президенти кишвар вилоят ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҷиноятсодиркунӣ, бахусус дар байни ноболиғон, бояд пурра аз байн бардошта шавад.