ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Барои татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар ба маблағи 800 ҳазор доллар грант ҷудо мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар.
Таъкид шудааст, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, баррасӣ шуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханрониаш ба вакилон гуфт, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории боэътимод бо Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб фонди мазкур ҳавасмандиро вобаста ба маблағгузории асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар баён намуд.
“Шӯрои директорони фонди мазкур ҷиҳати ҷудо намудани грант ба маблағи 250 ҳазор динори кувайтӣ (муодили 800 ҳазор доллар) розигӣ дод”, - гуфт вазир.
Таъкид шудааст, ки маблағи барои омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии ин ду қитъаи роҳ пешбинишуда ба ширкати машваратчӣ пардохт мешавад ва он ҳамчун кумаки бебозгашти техникӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ гардида, сарбории иловагӣ ба буҷети кишвар эҷод намекунад.
Вазир хабар додааст, ки оғози роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод дар километри 168- и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ҷойгир мебошад.
Роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод (дарозиаш 48 км) аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад. Роҳи мошингарди Чашмасор-Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.
Оғози сохтмони роҳи мошингарди Чашмасор-Лангар аз километри 23-юми роҳи Кӯлоб-Муъминобод шурўъ мегардад.
Зикр гардидааст, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар” ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.