ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Сухангӯи давлати толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар нишасти ахираш таъкид кардааст, ки иддаои амрко дар бораи кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи Ал-қоида то кунун собит нашудааст.
Сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Диҷиталии Исломобод Телеграф” гуфт, Иёлоти Муттаҳида чанде пеш пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба як манзили маскӯнӣ дар Кобул иддао кард, ки Оқои Завоҳири раҳбари Ал-қоъидаро кушта, аммо то кунун ин масъала собит нашудааст.
ӯ афзуд, ки дар ин маврид ҳукумати толибон эътирози худро бо Амрико дар миён гузоштааст.
Сухангӯии толибон ҳамчунин аз Амрикои хост, ки барои эҷоди равобити хуб бо Афғонистон аз парвози ҳавопаймоҳои бе сарнишини амрикоӣ дар фазои ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Пештар Иёлоти Муттаҳида эълом карда буд, ки паҳподҳои ин кишвар дар амалиёти вижае дар минтақаи Ширпӯри Кобул Айман Аззавоҳрӣ, раҳбари пешини Ал-қоъидаро* куштаанд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи толибон борҳост, ки хабарҳо дар мавриди кушта шудани ин раҳбари аршади гурӯҳи террористӣ рад кардааст.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия