Ҷудокори тоҷик яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон гардид

Варзишгари ҷавони тоҷик дар вазни то 66 кг дар феҳристи беҳтарин ҷудокорони навраси ҷаҳон мақоми баланд гирифт: ӯ 540 имтиёз дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) рейтинги наврасонро, ки намояндагони Тоҷикистонро низ дар бар мегирад, нав кардааст.
Дар он Нуралӣ Эмомалӣ дар байни намояндагони ҷумҳурӣ ҷойи баландтаринро ишғол мекунад.
Дар феҳристи пурқувваттарин варзишгарони сайёра дар вазни 66 кг ӯ дар ҷои дуюм қарор дорад. Ӯ бо 540 хол дар ин мақом нишастааст.
Дар раддабандии наврасон миёни намояндагони Тоҷикистон дувум Масъуди Аҳмадзод (73 кг, ҷои 20-ум, 160 имтиёз), севум Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг, ҷои 22-юм, 136 имтиёз) шуданд.
Дар феҳристи ҷаҳониён ҳамчунин Абубакр Шеров (66 кг, ҷои 23-юм 146 имтиёз), Сунатулло Лоиқов (81 кг, ҷои 29-ум, 114 имтиёз), Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг, ҷойи 42-юм, 60 имтиёз) шомил шудаанд.
Паҳлавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд
Пеш аз қуръакашӣ дар мусобиқоти расмӣ ба сабадҳо тақсим кардани дзюдочиёни пурқувват рейтинг нақши бузург дорад.
Пеш аз қуръакашӣ дар мусобиқоти расмӣ ба сабадҳо тақсим кардани дзюдочиёни пурқувват рейтинг нақши бузург дорад. Илова бар ин, рӯйхати ҷаҳонӣ иштирокчиёни Олимпиадаи ояндаи наврасонро муайян мекунад.
Ҳамзамон Федератсияи байналмилалии ҷудо(IJF) рейтинги кадетҳоро, ки ба он варзишгарони тоҷик шомил буданд, нав кард, аммо дар ин ҷо онҳо дар ҷойҳои баландтарин нестанд, бар хилофи наврасон.
Дар байни онҳо ҷои намоён ба Ҷасур Лутфишоев (50 кг, ҷои 63-юм, 20 имтиёз) тааллуқ дорад.
Дар ин феҳрист ҳамчунин Аминҷони Абдулфаёз (73 кг, ҷои 87-ум, 12 имтиёз) ва Исмоил Холбобоев (55 кг, ҷойи 155-ум, 2 имтиёз) шомил шудаанд.