Раҳмон ба амниятиҳо дар ноҳияи марзӣ хонаю худравҳои ҳарбӣ доду хизмати софдилона хост

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, барои кору иқомати кормандони мақомоти амниятӣ иншооти нав ба истифода дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтааст.
"Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст. Иншооти бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадид аз кормандони мақомоти амнияти миллӣ хост, софдилона ба нафъи давлату миллат хизмат намоянд.
Инчунин аз номи президенти Тоҷикистон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.
Қаблан Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
"Ҳамлаи 600 ҷангҷӯ бо ҷиҳодмобилҳо аз Афғонистон": марҳилаи ниҳоии размоиш дар Тоҷикистон
Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.