Раҳмон коллеҷи тиббии бунёдкардаи Қодировро дар Шаҳритус кушод

Таълим дар коллеҷи ғайридавлатии навбунёд дар Шаҳритус аз рӯи се ихтисос - фарматсефтӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муассисаи ғайридавлатии таълимии "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, коллеҷ дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров дар масоҳати 0,3 гектар бунёд шудааст.
"Муассисаи нави таълимӣ барои 400 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва таълим аз рӯи се ихтисос - фарматсефтӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?
Ба раисҷумҳур гузориш дода шуд, ки феълан дар Коллеҷ 250 донишҷӯ ба донишандӯзӣ машғул буда, дар оянда соҳибкор нақша дорад барои 100 донишҷӯ аз ноҳияҳои дурдаст хобгоҳ бунëд намояд.
Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон даъват кард, ки барои омода намудани мутахассиси миëнаи соҳаи тиб ҷавононро ҳарчӣ бештар ҷалб намоянд, то ки дар деҳаҳои дурдаст ҳам сокинон ба кумаки аввалияи тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Дар заминаи таъсис ëфтани Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус” 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.