Русия омода аст, ки харитахои ситоди кулли Иттиҳоди Шӯравӣ - СССР-ро дар масоили марзӣ пешниҳоди Арманистон ва Озарбойҷон кунад.
Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин дар пайи музокирот бо роҳбарони Арманистону Озарбойҷон дар шаҳри Сочи баён дошта, таъкид намуд, ки ин харитаҳо аз ҷумлаи дақиқтаринанд.
"Аломатгузораии сарҳад масъалаи муҳимтарин аст, дар ин бора бисёр сӯҳбат кардем ва рӯшан аст, ки роҳ пайдо шудааст. Агар созишҳо набошанд ҳам, заминаҳо барои тавофуқот муайян карда шудаанд", - гуфт Путин.
Раисҷуҳмури Русия таъкид намуд, ки Маскав бар асоси харитаҳои Ситоди кулли Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ бо Озарбойҷону Арманистонро идома медиҳад.
Таъкид шуд, ки ба муноқишаи миёна Арманистону Озарбойҷон, ки чандин даҳа дар Қарабоғ идома дорад, бояд хотима дода шавад.
Созиш шудааст, ки ҷонибҳо минбаъд аз истифодаи зӯру силоҳ худдорӣ хоҳанд карду барои ҳалли масоили мавҷуда аз роҳи гуфтушуниду тамос кор хоҳанд гирифт.