Паём ба президенти нав: Тоҷикистон ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо Бразилия аст

Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба роҳбари тозаинтихоби Бразилия омодагияшро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи дӯстию ҳамкорӣ баён доштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Бразилия Луис Инасиу Лула да Силваро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш барои Лула да Силва сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулаш комёбиҳо, ва ба мардуми Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудаст.
"Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад", - изҳор дошт ӯ.
Ошпаз аз Бразилия: президент тарабхонаи "Латина-Душанбе"-ро кушод
Вай изҳори итминон кардааст, ки робитаҳои созандаи ду кишвар рушд хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки номзади эътилофи сотсиалистҳо Лула да Силва дар интихоботи президентии Бразилия бо касби қариб 51%-и овозҳо пирӯз шуд. Вай дар ин мақом президенти феълӣ Жаир Болсонаруро иваз мекунад, ки ҳудуди 49%-и овозҳоро ба даст овардаст.
Лула да Силва аз соли 2003 то 2010 низ президенти кишвар буд, дар соли 2016 ба фасод муттаҳам шуду ба 12 соли зиндон маҳкум гардид, аммо дар соли 2021 ҳама иттиҳомот алайҳи ӯ бекор ва ҳукм соқит шуд.