ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Басиҷи нисбӣ дар Русия анҷом ёфт, иттилоъ дод президенти кишвар, Владимир Путин.
Раисҷумҳури Русия зимни як нишасти ахири матбуотӣ гуфт, мутмаин нест, ки оё барои анҷоми сафарбарсозии нисбӣ фармони алоҳида лозим аст ё на.
"Вазорати дифоъ пешниҳод кард, ки корҳои сафарбаркунӣ анҷом дода шаванд. Бо ҳуқуқшиносон сӯҳбат мекунам, ки оё лозим аст, ки бо фармон анҷомашро эълон кунем, аммо басиҷи нисбӣ поён ёфт. Нуқта гузошта шуд", - гуфт Путин.
Ба иттилои ӯ, аз миёни нерӯҳое, ки дар доираи басиҷ ҷалб шудаанд, феълан ҳудуди 260 ҳазор нафар дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд. Сафарбаршудаҳо ба артиш аз омодагии махсус мегузаранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввалинҳо шуда, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз анҷоми сафарбаркунии қисмӣ хабар дод. Шаҳрдорӣ гуфт, аллакай даъватномаҳое, ки ба сокинон фиристода шудаанд, барои ҳозир гардидан ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват мешаванд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.