Нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон боло рафт

Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми хариду интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт.
Ҳамакнун дар маркази шимоли кишвар 1 литр сӯзишвориро 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад.
Ба ҳолати 1 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ ба фурӯш меравад.
Қобили зикр аст, ки арзиши сӯзишвории кабуд ду рӯз пеш 6,00-6,10 сомониро ташкил медод.
Нархи бензин ба таври зерин тақсим карда мешавад: АИ-92 - 9,30 сомонӣ; АИ-95 - 10.00 сомонӣ.
Арзон шуду камёфт: Чаро харидории гази моеъ дар Суғд мушкил шуд?
Сокинони ин минтақа метавонанд сӯзишвории дизелиро бо қимати 12,50 сомонӣ харидорӣ кунанд.
Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми харидорӣ ва интиқоли маводи сӯхт ба кишвар рабт дорад.
Масъалаи нарасидани гази моеъро яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворию равғанҳои молиданӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ, аксари ширкатҳои яклухтфурӯшӣ ба далели кам будани арзиши зиёновар аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана даст кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном доранд.