ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
"Аз 2 то 5 ноябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор идома ёфта, дар водиҳо борон меборад ва дар як қатор ноҳияҳои доманакуҳ ва кӯҳӣ (ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) боришоти пуршиддат дар назар аст", - гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.
Дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо низ омадани сел эҳтимол дорад.
Сокинони вилоятҳои Хатлон, Суғд, инчунин ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд эҳтиёткор бошанд.
Наҷотдиҳандагон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 2 ва 3 ноябр бар асари боришоти шадид якбора боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷануб) ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
Дар робита ба ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки эҳтиёткор бошанд.
Наҷотдиҳандагон ҳушдор медиҳанд, ки афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, бахусус дар доманакуҳҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо, зери об мондани маҳаллаҳои аҳолинишин ва қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо аз оби борон имконпазир аст.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикасти дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, лавҳаҳои таблиғотӣ гардад.