ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангияшро дар Туркманистон доир намояд.
Ин мавзуъро сафири кишвар дар Ишқобод Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов баррасӣ кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор додаанд.
"Аз ҷумла, онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамзамон баргузории Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистонро низ бараасӣ кардаанд.
Зимнан санаи баргузории он ва ҳамчунин ҳайти ширкаткунандагон то кунун мушаххас нест.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ба шаҳомат дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав доир гардид.
Он дар доираи барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳое, ки соли равон аллакай 30-сола шудаанд, баргузор гардида, кишвар фарҳангу ҳунар ва дастовардҳои хешро дар ин самт ба намоиш гузошт.