ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон на дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави марзӣ, балки таҷҳизонидан ва мақоми байналмилалӣ додан ба бархе аз гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ доранд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Ба иттилои сафорат, маҳз ин мавзуъ ахиран дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Тошканд, Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон Илҳом Мухторов баррасӣ гардид.
Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро ба миён гузоштаанд.
"Масъалаи аз лиҳози техникӣ таҷҳизонидани гузаргоҳҳои дигари сарҳадӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ надоранд, аз ҷумла гузаргоҳи амалкунандаи "Зафаробод" - "Хавасобод" ва ба дараҷаи байналмилалӣ баровардани онро муҳокима карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин Раҳмонзода ва Мухторов амалисозии тадбирҳои мушаххас дар самти афзудани иқтидори қабули автомашинаҳои боркашонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод" – "Бекобод" баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти ду кишвар аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд.
Қаблан Раҳмонзода изҳор дошт, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд, изҳор дошта буд сафир.