ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Дар бораи имкони бозгашти Русия ба созишномаи интиқоли ғалла аз Украина танҳо пас аз маълум шудани ҳама ҳолатҳои ҳамла ба киштиҳои нерӯҳои обии Баҳри Сиёҳ дар обҳои Севастопол сӯҳбат кардан мумкин аст.
Ин нуктаро муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко баён дошта, ҳамларо густохии комил хонд, ки тамоми тавофуқҳои ҳосилшударо нақз мекунад.
"Аз ин рӯ, эҳтимол танҳо пас аз муайянсозии ҳамаи ҷузъиёт, метавон гуфт, ки қадамҳои минбаъда чӣ гуна хоҳанд буд", - гуфт ӯ.
Руденко ҳамчунин ёдовар шуд, ки Маскав барои баррасии ин масъала ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват кардааст.
Ахиран мақомоти дифоии Русия эълон кард, бесарнишинҳои обию ҳавоие, ки дар минтақаи обии Севастопол киштиҳою инфрасохторро мавриди ҳамла қарор додаанд, аз тариқи масири амниятии мувофиқашуда барои интиқоли ғалла истифода кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст.
Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад.
Дар зимн вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина гуфт, омодаанд онро дар бозори ҷаҳонӣ иваз намоянду ба кишварҳои ниёзманд ғалларо дастрас кунанд.
"Бо дарназардошти ҳосили имсола, Русия омода аст, ғаллаи Украинаро комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор бо нархҳои қобили қабул интиқол диҳад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад.