Ҳамдардии Раҳмон ба президенти Корея ва мардумаш: Дар Сеул чӣ рух дод?

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳалокату ҷароҳати теъдоди зиёди одамон дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Кореяи ҷанубӣ изҳори андуҳу ҳамдардӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои кореягияш, Юн Сок Ёл паёми таслият ирсол кардаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш аз хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул изҳори андӯҳ кард.

"Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем", - омадааст дар паём.

Маврид ба зикр аст, ки дар Кореяи ҷанубӣ ба далели ҳалокати теъдоди зиёди одамон дар издиҳоми бахшида ба таҷлили Ҳеловин мотами миллӣ эълон шуд, ки то 6 ноябр идома хоҳад дошт.
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар издиҳоми Сеул аз 150 нафар гузашт: миёнашон русиягиҳо низ ҳастанд
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти охир, дар издиҳоми одамон дар тангкӯчаи Сеул, камаш 151 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳо дар бораи бедарак шудани садҳо нафарро қабул кардаанд.
Таъкид шудааст, ки зер кардани одамон дар издиҳом тақрибан соати 22:22-и вақти маҳаллӣ ва 16:22 бо вақти Маскав оғоз шуда, бо фоҷиа анҷомид. Дар ноҳияе, ки ин ҳодиса рух додааст, бо шабнишиниҳояш бахшида ба Ҳеловин маъруф аст.
Манобеи кореягӣ тавзеҳ медиҳанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъ дар издиҳом мардум омаданро ба макони ҳодиса давом медоданд, чун дар аввал намедонистанд ё ҳушдорро сарфи назар мекарданд.