ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Миёни ҳалокшудаҳо дар Сеул, ки зери анбуҳи зиёди одамон мондаанд, 19 нафар хориҷиянд.
Ба иттилои РИА "Новости" дар миёни ҳалокшудаҳо аз ҷумла 3 нафарашон бонувони русиягӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти охир, дар издиҳоми одамон дар тангкӯчаи Сеул, ки барои таҷлили Ҳеловин ҷамъ омада буданд, камаш 151 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳо дар бораи бедарак шудани 270 нафарро қабул кардаанд.
Таъкид шудааст, ки зер кардани одамон дар издиҳом тақрибан соати 22:22-и вақти маҳаллӣ ва 16:22 бо вақти Маскав оғоз шуда, бо фоҷиа анҷомид. Дар ноҳияе, ки ин ҳодиса рух додааст, бо шабнишиниҳояш бахшида ба Ҳеловин маъруф аст.
Манобеи кореягӣ тавзеҳ медиҳанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъ дар издиҳом мардум омаданро ба макони ҳодиса давом медоданд, чун дар аввал намедонистанд ё ҳушдорро сарфи назар мекарданд.
Раисҷумҳури Корея, Юн Сок Ёл аз ҷои ҳодиса боздид карда, дар кишвар мотами миллӣ эълон намуд. Вай ваъда дод, ки сабаби ин фоҷиаро таҳқиқ хоҳанд карду барои такрор нашудан дар оянда чораандешӣ мекунанд.