Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раисони Исфараву Бодканд сари масъалаи марз музокирот намуданд

Раисони наздимарзии Исфара ва Бодканд барои барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ сари мизи музокирот нишастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ва Учқун Ҷурабоев раиси ноҳияи Бодканд барои ҳал кардани мушкилоти марзӣ сари мизи гуфтушунид нишастанд.
Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, мулоқоти Баҳодурзода ва Ҷурабоев зуҳри 28 октябр дар ҳудуди ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара ҳаммарз бо ноҳияи Бодканд дар маҳалли аҳолинишин доир шудааст.
"Дар ин мулоқот аз ду ҷониб ба ҳисоби роҳбарон, сокинони оддӣ, аз ҷумла мӯйсафедону ҷавонон иштирок дошанд”, - зикр кард, котиби матбуотӣ.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи рафъи хусумат ва амалҳои иғовогарона таъкид варзида, барои барқарории муносибатҳои нек ва ҳамкории дуҷонибаи мардумони наздимарзии ду кишвар изҳори умедворӣ кардаад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ошкори беш аз 20 амали иғвоангез аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон
Зимнан, ин нахустин мулоқоти раисони Исфара ва Бодканд баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 14 ба 16 сентябр гуфта мешавад.
Дар пайи рӯхдоди муноқишаи моҳи сентябр аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву беш аз 100 нафар захмӣ гардиданд. Ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдоди ин муноқишаро пурхисорот номиданд.