ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Намояндагии тиҷоратии Русия натиҷаи кори субъектҳои Федератсияи Русия бо Тоҷикистонро ҷамъбаст кард.
Тибқи маълумоти нуҳмоҳаи соли 2022, 67 субъекти Русия бо ин Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ доштанд.
Ба сегонаи беҳтарин Маскав, кишвари Красноярск ва вилояти Свердловск шомил шудаанд.
Саҳми ин субъектҳо дар бақияи умумӣ мутаносибан 13,7, 9,9 ва 9,4 фоизро ташкил додааст.
Вилоятҳои Челябинск (8,9 %), Маскав (8,5 %), Вологда (7,4 %), Санкт-Петербург, вилояти Самара, Ҷумҳурии Бошқирдистон, вилояти Перм низ ҳаҷми зиёди маҳсулотро содир кардаанд.
Дар гузориши намояндагии тиҷоратӣ гуфта мешавад, ки метал ва маснуоти металли сиёҳ, чӯбу тахта ва масолеҳи сохташуда аз он, таҷҳизоти гуногун ва асбобҳои механикӣ маҳсулоти асосии содирот будаанд.
Инчунин тиҷорати маҳсулоти дорусозӣ, каучук ва резина низ сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон қайд карданд, ки аз рӯи ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ (бо нархҳои номиналӣ) ба ТОП-10 минтақаҳои савдои хориҷӣ каме камтар аз 70% рост меояд, дар ҳоле ки ҳамин рақам дар соли 2021 ба 77% баробар буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон бомуваффақият афзоиши гардиши молро идома медиҳанд. Дар соли 2021 он ба ҳадди рекордии 10 сол расид ва ба 1,3 миллиард доллар наздик шуд.