Мақомдори Рашт аз дастоварду мушкилоти соҳаи кишоварзии ноҳия гуфт

Муовини раиси ноҳияи Рашт мегӯяд, норасоии тухми хушсифат, нарасидани оби полезӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба маълумоти муовини раиси ноҳияи Рашт, Саидбек Идибеков, феълан кишоварзони ноҳия барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҷиддан заҳмат мекашанд.
Мақомдори ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро 323 721 700 сомонӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 520 300 сомонӣ бештар аст.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Рашт дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар 8119 гектар замин кишт гузаронида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 455,78 гектар зиёд аст.
Занги Раҳмон ба раисони навоҳии картошкапарвар
Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо 4548 тонна, сабзавот 149,2 тонна афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, истеҳсоли картошка ба 28755,5 тонна, мева 893,3 тонна расонида шуд. Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои хубдар соҳаи кишоварзӣ мушкилот низ ҷо дорад.
Идибеков норасоии тухмии хушсифат, дар баъзе мавзеъҳо нарасидани оби полезӣ, набудани мошинолот ва гаронии нархи сӯзишвориро аз қабили мушкилоти асосӣ номбар кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки ин мушкилиҳо низ бартараф мешаванд.