ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Чин қасд дорад ҳаҷми коркарди маъданро афзоиш диҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Корхона дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулот баровардааст.
Гуфта мешавад дар ин давра истхроҷи сурб ба 60,8 ҳазор тонна ва конcентрати руҳ бошад, 94,5 ҳазор тонна баробар шудааст.
Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии Ширкати кӯҳии Тоҷикистон – Чин Ли Яо Хвай ҷонибҳо дар мавриди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба мувофиқа расиданд.
Дар назар аст, ки ҳаҷми коркарди маъдан боз бештар шавад.
Агар дар замони ифтитоҳи корхонаи муштарак (июни соли 2007 – ред.) танҳо хатти аввал бо иқтидори 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол кор мекард, пас то соли 2020 иқтидори он ба 4 миллион тонна расид.
Ёдовар мешавем, ки ин корхона яке аз корхонаҳои калонтарин дар кишвар ба шумор меравад. Сармояи оинномавии он беш аз 30 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин ширкат барои коркарди конҳои "Олтин-Топкан" (ҳоло Зарнисор) ва "Пайбулоқ" дар минтақаи Мастчоҳ ва Гулистон иҷозатнома дорад.
Корхона оид ба коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис корҳоро ба роҳ мондааст.