ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи террористии маргбор дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шерозро маҳкум кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нукта дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронияш Сайид Иброҳим Раисӣ таъкид гардидаст.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Эрон ва наздикони фавтидагон ҳамдардияшро баён доштааст.
"Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам", - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон бо маҳкум кардани ин амалӣ террорисӣ зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид намудаст.
"Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - таъкид кардаст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамла Шоҳчароғ ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шерози устони Форс зуҳри 27 октябр рух дод. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, бар асари оташкушоии узви "ДОИШ"* дар ин ҳарам 15 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар