ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 10-уми ноябр таътили тирамоҳӣ хоҳад буд, хабар дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд.
"Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн омӯзгорони макотиби миёна аз кори таълим канор нахоҳанд буд. Онҳо дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои хонандагон ҳар фасл таътил пешбинӣ шуда, тирамоҳӣ аз 1 то 10 ноябр, зимистона аз 1 то 10 январ, баҳор аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август давом мекунад. Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.
Дар таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он ширкат хоҳанд кард. Сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва аллакай дар таътили тирамоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон баргузор мешавад.