ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Рӯзҳои 7-8 ноябр дар шаҳри Душанбе мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дӯстона мегузаронанд, хабар дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русия дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти оғози ҳарду бозӣ соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар гардидааст.
ФФТ таъкид намудаст, ки ба мухлисон, ки нияти ҳузур дар ин зӯрозмоиро доранд, билетҳо бо нархҳои мухталиф пешниҳод мегарданд. Арзиши чиптаи одӣ 30 сомонӣ ва чиптаи ба истилоҳ "VIP" 100 сомониро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилои Федератсияи футболи кишвар.
Ин бозӣ дар ҳолест, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини чемпионат шомил шуд.
Роҳбарии тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футзалро сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба уҳда дорад.
Инчунин зикр шудааст, ки дастаи мунтахаби миллии Русия дар риштаи футзал низ аз пешсафҳо дар қитъаи Аврупо ба шумор меравад. ФФТ таъкид намуд, ки дастаи Тоҷикистонро зарур меояд, ки бо ноибқаҳрамони Аврупо зӯрозмоӣ намояд.