ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Русия тадбирҳо оид ба сафарбаркунии қисман анҷом дода шуданд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи сафарбаркунии нисбӣ 82 ҳазор нафар даъватшавандагон баъди омӯзиш ба хатти набард фиристода шуданд.
"Дар ҳоли ҳозир 218 000 нафар омодагии худро такмил медиҳанд. Пас аз анҷоми омӯзиш 82 000 нафар ба минтақаи амалиёти вижа фиристода шуданд, ки беш аз 41 000 нафари онҳо дар ҳайати воҳидҳо фаъолият мекунанд", - таъкид кард Шойгу.
Зимни сафарбаркунии нисбӣ беш аз 1,3 ҳазор нафар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун, беш аз 27 ҳазор соҳибкор ва 13 ҳазор нафар шаҳрвандон бидуни мунтазири даъватнома ба хидмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Раҳбари вазорати дифои Русия таъкид кард, ки русҳои дар боло номбаршуда бидуни мунтазири даъватнома хоҳиши иҷрои вазифаи худро баён кардаанд ва ҳамчун ихтиёрӣ ба нирӯҳо фиристода шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ синни миёнаи шаҳрвандони сафарбаршуда 35 солро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват мешаванд.