ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Биржаи Маскав метавонад аз 31 октябр ба муомилот бо сомонии тоҷикӣ ва соми қирғизӣ оғоз кунад. Дар ин бора дар сайти майдони тиҷорӣ хабар дода шудааст.
Биржаи Маскав чунин мешуморад, ки чунин тадбирҳо имкони табдили мустақимро барои бонкҳо, брокерҳо ва мизоҷони онҳо, инчунин иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро васеъ мекунанд.
"Мубодилаи асъор бо ҷуфтҳои нави асъор як унсури муҳими зерсохторӣ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст", — омадааст дар гузориш.
Ҳамчунин, аз 31 октябр вақти муомилоти ҷуфтҳои арзии "Рубли беларусӣ - рубли русӣ", "тангаи қазоқиӣ - рубли русӣ", "доллари ИМА - тангаи қазоқӣ", "юани чинӣ - рубли русӣ", "доллари ИМА - юани чинӣ", "лираи туркӣ — рубли русӣ", "ранди Африқои Ҷанубӣ — рубли русӣ" ва "доллари ИМА — ранди Африқои Ҷанубӣ" ним соат зиёд карда мешавад.
Савдо аз соати 7-00 то 12-30 вақти Маскав барпо мегардад. То ҳол вақти савдо аз 07:00 то 12:00 муқаррар шудааст.
Қаблан дар биржаи Маскав суми ӯзбекӣ, драми арманӣ ва ранди Африқои Ҷанубӣ вориди муомилот шуда буд.