ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ӯзбекистон изҳороти рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон* (дар Федератсияи Русия ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф шудааст) дар бораи таъсиси макони тавлид ва васлкунии ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ барои артиши Русияро рад кард.
Дар ин бора Кумитаи давлатии саноати дифоъии ин кишвар хабар додааст.
"Кумитаи давлатии саноати дифоъ гузоришҳои дар баъзе расонаҳо паҳншуда дар бораи макони васли (монтажи) ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон барои амалиёти ҷангӣ дар Украина будани Ӯзбекистонро қатъиян рад мекунад", — омадааст дар Telegram-канали ин ниҳод.
Қаблан Гордон* дар барномаи худ изҳор дошт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ барои артиши Русия гӯё дар Эрон, Ироқ ва Ӯзбекистон васл карда мешаванд.
Дар пайи ин изҳорот муовини раиси палатаи қонунгузории порлумони Ӯзбекистон Алишер Қодиров гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати дифои ҷумҳурӣ бояд рӯзноманигорро маҷбур кунанд, ки барои ин дурӯғ бахшиш пурсад.
Ҷониби Тошканд гуфтааст, ки Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ дар ҳамкорӣ бо Эрон силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ тавлид накардааст ва “ҳоло ҳам тавлид намекунад”.
Ҳамчунин ахиран, намояндаи Русия дар СММ Василий Небензя низ изҳороти кишварҳои ғарбӣ дар бораи интиқоли эҳтимолии ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русияро дурӯғ хонд.
Қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова изҳор дошта гуфт, ки гузоришҳо дар бораи чунин интиқолҳо овозаҳоест, ки аллакай борҳо рад карда шуда, чунин буҳтонҳо аз ҷониби ИМА ва шариконаш барои фишор ба Теҳрон истифода мешавад.
Дар ҳамин ҳол сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди СММ Амирсаъиди Еревонӣ низ дар ҷамъи хабарнигорон иддаоҳои беасос дар мавриди интиқоли паҳпод аз сӯи Эрон барои истифода дар ҷанги Украинаро рад ва таъкид кард ин иддаоҳо ҳеҷ иртиботе бо қатъномаи 2231 надорад.