Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи солонаи Клуби мубоҳисавии "Валдай" иштирок мекунад.
Дар соли 2022, мавзӯи чорабинӣ, ки аз 24 то 27 октябр идома дорад, "Ҷаҳон пас аз гегемония: адолат ва амният барои ҳама" мебошад.
Путин нахуст суханронии васеъ намуда, сипас дар баҳс ширкат хоҳад кард. Гардонандаи он рӯзноманигор, сиёсатшинос ва мудири илмии Валдай Фёдор Лукянов хоҳад буд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи президент, ин чорабинӣ "аз худ дарак медиҳад, ки хеле муҳим хоҳад буд" ва суханронии Путин тӯли чанд рӯз таҳлил мешавад.
Бояд гуфт, ки "Валдай" ба тадқиқот дар соҳаи равандҳои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ диққати махсус медиҳад.
Дар ин нишаст 111 коршинос, сиёсатмадор, дипломатҳо ва иқтисоддонҳо аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Аксарияти иштирокчиён аз кишварҳои ИДМ, Шарқи Наздик, Осиё, Амрикои Лотинӣ, Африқо омадаанд. Дар он ҳамчунон намояндагони як қатор мамлакатҳои Ғарб низ ҳозиранд.