Эрон ба сохтмони реактори нави ҳастаӣ шурӯъ мекунад

Эрон ба сохтмони реактори нави ҳастаӣ оғоз мекунад. Он дар шаҳри Исфаҳон бо иқтидори даҳ мегаватт сохта шуда дар тиб ва саноат ба кор бурда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Эрон рӯзи панҷшанбе ба сохтусози як реактори ҷадиди пажӯҳишгоҳи ҳастаии иқтидораш 10 мегаватт дар маркази шаҳри Исфаҳон шурӯъ кард,
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба хабаргузории "Тасним" гузориш медиҳад.
Маросими ифтитоҳи тарҳи сохтмони реактор бо ширкати раиси Созмони энержии атомии Эрон Муҳаммад Исломӣ баргузор шуд.
Вай бо сӯзишвории 20%-ӣ барои истеҳсоли радиоизотопҳои дар тиб ва саноат истифодашаванда, рушди тадқиқот дар соҳаи шуоъҳои нейронӣ ва озмоиши сӯзишвории ҳастаӣ истифода мешавад.
Амирабдуллоҳиён: Эрон дунболи бомби атомӣ нест
Ба гуфтаи ин ниҳод, тарҳ ва сохтусози реактор танҳо аз сӯи мутахассисони эронӣ анҷом мешавад.