ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Ҳамарӯза аз нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳри Душанбе беш аз 800 тонна партов бароварда мешавад,, хабар медиҳад, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки сардори Сарраёсат Лоиқ Раҳмонзода аз вазъи барориши партов дар шаҳраку маҳалалҳо дидан карда, мушкили сари вақт бароварда нашудани партовро муайян кардааст.
"Барои бартарафкунии ин мушкилиҳо масъулини партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур нуқтаҳои партовҷамъкунию қуттиҳоро таъмиру ранг карда, ба даромадгоҳҳо дарвоза насб намуда истодаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, барои огоҳии бештари аҳолӣ навиштаҷот бо мазмуни замони муайяни ҷойгир намудани партов ва дар сурати риоя нагардидани муқаррарот ба ҷавобгарӣ кашида шудани шаҳрвандонро насб мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 1761 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуданд, ки дар шаҳракҳо 346 адад, маҳаллаҳо 318 адад, шахтаҳо 578 адад ва дар ташкилоту идораҳо 519 ададро ташкил медиҳанд.
Манбаъ афзуда, ки бо дарёфти 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла партовкашон, вазъи барориши партов беҳтар гашта, "корхонаҳои партовкашонии пойтахт дар як рӯз аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ 700-850 тонна партов мебароранд".
Тибқи қарор, баровардани партов аз майдончаҳои партовҷамъкунӣ дар муҳлати як шабонарӯз амалӣ карда мешавад.