Тамрини зарбаҳои ҳастаӣ таҳти назорати Путин

Раисҷумҳури Русия размоиши қувваҳои стратегии боздорандаро назорат карда, тамрини зарбаи гуруҳии ҳастаии ҷавобӣ ба душманро роҳбарӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин размоиши нирӯҳои стратегии боздорандаро назорат карда, ҳисоботи вазири дифоъ Сергей Шойгуро шунид.
Шойгу гуфт, нерӯҳои стратегии боздоранда таҳти раҳбарии президент зарбаҳои азими ҳастаӣ дар посух ба зарбаи ҳамчунинии душманро тамрин намуданд.
Дар доираи тамрини нерӯҳои стратегии боздоранда партоби мушакҳои баллистикӣ ва болдор сурат гирифт. Ба тамринот ҳавопаймоҳои дурпарвози ТУ-95МС ҷалб гардиданд, ки аз ҳаво мушакҳои болдорро партоб намуданд.
Аз ҷумла аз космодроми Плесетск ракетаи "Ярс" ва аз ҳудуди баҳри Баренс мушаки баллистикии "Синева" cap дода шудаанд. Зарбаҳо ба размоишгоҳи Кура дар Камчатка зада шудаанд.
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" иғво омода мекунад
Кремл хабар додаст, ки ҳамаи мушакҳои партобшуда ҳангоми тамрини қувваҳои боздоранда ба ҳадаф расида, хусусиятҳои худро тасдиқ кардаанд.
Таъкид шудаст, ки дар рафти размоиш сатҳи омодагии мақомоти фармондеҳии ҳарбӣ, маҳорати воҳидҳои дахлдлори оперативӣ санҷида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бори охир чунин як тамрин рӯзи 19 феврал таҳти раҳбарии Путин гузаронда шуданд, ки дар он низ нерӯҳои стратегии боздоранда бо партоби мушакҳои баллистикӣ тавоноияшонро санҷиданд.