Бо рақсу мусиқии миллӣ: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав чӣ гуна гузашт

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар Театри давлатии академии Маскав бо ҳузури меҳмони зиёд ва устодони санъати тоҷик баргузор гардид
Sputnik
Ин чорабинӣ дар доираи барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо, ки соли равон аллакай 30 сол пур шуд, сурат гирифт.
Дар барномаи фарҳангӣ, сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳамчун меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд.
Ба иттилои хабарнигори @Sputnik Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ иштирок дошт, барои меҳмонон дар толори театр як гӯшаи зебо ороста шуд, ки дар он либосу таомҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ҳамчунин мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Истиқболи гарм аз Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия
Пас аз суханронии намояндагони фарҳанги Тоҷикистону Русия як барномаи хуби консертӣ бо ҳузури овозхонҳои саршиноси тоҷик, аз ҷумла, Зафар Абдуалимов, Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, ансамблҳои рақсии"Гулрез" ва "Зебо" нишон дода шуд, ки барои меҳмонону тоҷикистониёне, ки дар толор нишаста буданд, ниҳоят роҳатбахш буд.
Ҳунармандони тоҷик дар мусоҳиба бо хабарнигори мо изҳор доштанд, ки аз қабули тамошобинон ниҳоят рӯҳбаланд шуданд.
Аз ҷумла, Аловатов гуфт: "барои санъаткор хеле муҳим аст, ки ҷомеа ӯро чӣ гуна қабул мекунад. Ва агар ҳама чиз хуб бошад, ҳунарманд муваффақ мешавад. Моро хеле самимона ва олӣ қабул карданд".
Маврид ба зикр аст, дар Уфа низ Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон сурат мегирад. дар ин шаҳр бегоҳи рӯзи 26 октябр барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод мегардад.