Ҳушдор аз инқилобу ҷангандозӣ: Путин ба Ятимову амниятиҳои аршади дигари ИДМ чӣ гуфт?

Раисҷумҳури Русия аз талоши баргузории инқилобҳои ранга ва қасди барҳам задани авзоъ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Зарфияти низоъ дар ҷаҳону минтақа баланд шуда, хатарҳои нав барои амнияти дастаҷамъӣ пайдо шуда истодаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти вижаи ИДМ, аз ҷумла раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов баён дошт.
Путин махсусан аз шиддат гирифтани бархӯрди геополитикӣ дар ҷаҳон гуфта, таъкид намуд, ки дунё воқеан бисёрқутбӣ шуда истодааст, аммо бархе аз иштирокдорони муносиботи байналмилалӣ бо ҳар қимате талош доранд, яккаҳокимиятии заифшудаашонро нигоҳ доранд.

"Шеваи фишору таҳдиду тарс дер боз дар қаламрави ИДМ низ истифода мешавад. Қасд доранд, инқилобҳои ранга ташкил кунанд, низоъҳои мусаллаҳонаи хатарнок барои ҳамаи аъзои ИДМ-ро барангезанд", - гуфт Путин.

Вай дар мавриди ҳадаф аз ин иқдом, Украинаро мисол овард, ки ба василаи сиёсати хориҷии ИМА табдил ёфтаасту мустақиман аз ИМА идора мешаваду алайҳи Русия ва ИДМ дар маҷмуъ истифода мегардад.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти амниятӣ бояд мубориза бо талоши дахолат ба корҳои дохилии кишварҳои ИДМ бошад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад
Ӯ гуфт, барои ин бояд фаъолона кори хадамоти вижаи хориҷиро ошкору пешгирӣ кард, ки ба барҳам задани авзоъ дар кишварҳои ИДМ равона шудаст.
Раисҷумҳури Русия амниятиҳои аршадро ба ҳамкорию табодули иттилоъ даъват намуда, илова кард, ки ҳадафи асоси ҳифзи амнияти мардуму кишвар мебошад.