Сиёсатшинос ояндаи даҳшатноки Украинаро пешгӯӣ кард: кӣ кишварро "мешиканад"?

Украинаро дар сурати аз даст додани пуштибонии асосияш ояндаи ногувор интизр аст. Агар раҳбари ИМА иваз шавад, Вашингтон метавонад кумак ба ин кишварро қатъ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бозгашти президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба арсаи сиёсӣ ба ҳимояти Вашингтон аз Украина таъсир мерасонад. Дар ин бора портали 19FortyFive менависад.
Ба гуфтаи сиёсатшинос Роберт Фарлӣ, Трамп як нерӯи муҳим дар сиёсати Амрико боқӣ мемонад.
Вай бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин равобити дӯстона дошт ва назари ӯ бо андешаҳои бисёре аз намояндагони ҳизби дохилиҷумҳуриявӣ мухолиф аст.
Бо вуҷуди ин, ба бовари коршинос, чанд даъво метавонад ширкати Трампро дар интихоботи президентии соли 2024 халалдор кунад.
Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд
Агар ӯ дар ин парванда пирӯз шавад, ҳеҷ чиз раисиҷумҳури пешинро аз пайвастан ба мубориза барои мақоми раиси Кохи Сафед боз намедорад.
Фарли қайд кард, ки ҳоло дар сиёсати Амрико як иҷмоъи ғайриоддии сиёсати берунӣ ба вуҷуд омадааст.
Ба гумон аст, ки номзадҳо ба барномаҳои худ барномаи сиёсати хориҷиро ворид кунанд, аммо то соли 2024 вазъ метавонад тағйир ёбад, хулоса кард коршинос.
Қаблан Трамп гуфта буд, ки агар дар мақоми раҳбари давлат мемонд, ба муноқиша дар Украина роҳ намедиҳад.
Сиёсатмадор таъкид кард, ки "Путин ҳеҷ гоҳ ба ин (шиддат - ред.) намерарафт" ва афзуд, ки ӯ раҳбари Русияро хуб "мешиносад".