Шоҳи Бритониё Риши Сунакро сарвазир таъйин кард

Риши Сунак нахустин сарвазири таъйинкардаи подшоҳи Бритониёи Кабир Карли III мебошад, ки дар ин мақом Лиз Трассро баъди камтар аз 2 моҳ иваз намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шоҳи Бритониёи Кабир, Карли III Риши Сунакро сарвазири кишвар таъйин намуда, барои ташкили ҳукумат муваззаф кардаст, хабар доданд расонаҳои ҷаҳонӣ.
"Риши Сунак расман баъди қабули шоҳ Карли III дар Қасри Букингем сарвазири Бритониёи кабир шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки сарвазир баъди мулоқот бо шоҳ ба Лондон бармегардаду назди дафтар дар Даунинг-стрит суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамин тариқ Сунак нахустин сарвазири таъйиншуда аз ҷониби Карли III шуд. Вай сеюмин сарвазири Бритониёи кабир дар соли 2022 мебошад.
Сунак дар ин мақом рақиби асосиаш дар интихоботи қаблӣ, Лиз Трассро иваз кард, ки камтар аз 2 моҳ дар ин вазифа кор кард. Риши Сунак раҳбари нави Ҳизби консервативӣ ва сарвазири Британияи Кабир шуд, чун ягон довталаби дигар номзадияшро пешнищод накард.
Ришии тиллоӣ: беҳтарин аксҳои ҷавонтарин сарвазири Бритониё дар 200 соли ахир
Қаблан довталаби дигар - роҳбари Палатаи ҷамъияти парлумонии Британия Пенни Мордаунт дар бораи ба охир расидани мубориза барои мансаби раҳбарии ҳизб ва сарвазирӣ хабар дод.
Риши Сунак, ки дар синни 42-солагӣ ба ин вазифа расид, Интизор меравад, ки имрӯз раҳбарии ин ҳизбро собиқ вазири молияи 42-солаи кишвар ба уҳда бигирад.