Шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе - Чаноқ

Ширкати IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ машғул аст, аз кушода будани ҳаракат дар ин масир хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Пайомади бориши пуршиддати барф бетаъхир бартараф шуда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ имконпазир гардид, иттилоъ дод IRS.
Ин эълони ширкат дар ҳоле нашр гардид, ки қаблан аз маҳдудиятҳои ҳаракат дар ин масир хабар дода шуд.
Аз ҷумла IRS дар пасманзар барфрезӣ барои мошинҳои боркаш маҳдудият ҷорӣ намуд. Маҳдудият дар пайи бориши пуршиддати барф аз километри 136 то километри 170- уми роҳи Душанбе - Чаноқ роҳандозӣ гардида буд.
Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст
Маврид ба зикр аст, ки 19 октябр низ бинобар боришоти зиёд ин масир ҳаракат муваққатан баста шуда буд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани ҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дод.
Ба иттилои ин ниҳод то 27-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард, боридани борону барфи тар пешгӯӣ мешавад.
КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.