Рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт: бо доллару евро чӣ шуд?

Қурби рубли русӣ, пас аз коҳиши кутоҳмуддат тайи як ҳафта аст, ки мақеи устуворро касб карда, аммо вазъи доллар рӯ ба поинравӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 163 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 162,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.0459 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.0238 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба коҳишёбӣ дорад. Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.2155 сомонӣ медиҳанд, ки дар қиболи як рӯзи қаблӣ камтар аст.
Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме болотар нигоҳ медоранд.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.