Фармони президенти Тоҷикистон барои афзоиши стипендия

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон маблағи стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба андозаи 20% зиёд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон афзоиши стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии миёнаро таъйид кард.
Бар асоси фармони президент, ки моҳи равон имзо гардид, ҳаҷми стипендияи президентӣ ба андозаи 600 сомонӣ муқаррар шудааст.
Теъдоди умумии гирандагони стипендияи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ аз моҳи сентябри соли 2021 ба ин сӯ 3 ҳазор нафарро ташкил дода, то ҳол маблағи он муодили 500 сомонӣ буд.
Таъкид шудаст, стипендияи президентӣ ба муҳассилине дода мешавад, ки бо баҳои аъло мехонанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол мебошанд. Гирандагони ин стипендияро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи озмун муайян мекунад.
Афзоиши 20-дарсадии маошу стипендия дар Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудаст, ки барои пардохти стипендия аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағи заруриро ҷудо намояд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ба насли ҷавону таълими онҳо суҳбат карда, афзуд, ки ҳанӯз соли 1998 стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ таъсис дода шуд.
Вай зикр намуд, ки кишвар он солҳо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор дошт, аммо бо вуҷуд ҳукумат дастгирии наврасону ҷавононро амалӣ мекард.