Кӣ аз муштзанҳои тоҷик барои қаҳрамонии Осиё зӯр меозмояд?

Шаҳри Аммони Урдун мизбони қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс миёни мардҳо ва бонувон мешавад, ки аз 1 то 12-уми ноябр ба нақша гирифта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё 8 варзишгар - 5 марду 3 зан ва ҳамчунин 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли котиби генералии Федератсияи бокси ҷумҳурӣ, Комрон Файзов хабар дода, афзуд варзишгарони 30 давлат дархости иштирок дар ин зӯрозмоиро фиристодаанд.
"Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иборат аз 10 нафар, аз ҷумла 2 мураббӣ ба Урдун сафарбар мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар феҳрасти бонувон аз Тоҷикистон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг ном бурда шуданд, ки барои унвонии қаҳрамонии Осиё сабқат хоҳанд кард.

Аз миёни мардон Хусравхон Раҳимов (-57кг), Баҳодур Усмонов (-63,5кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Наврӯз Ҷафоев (-86кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) талоши қаҳрамонӣ дар Осиёро хоҳанд кард.
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти бузурге 11 медали тилло ба даст оварданд
Тавзеҳ дода шуд, ки тибқи нақша муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал рӯзҳои 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр баргузор мегарданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намудаст, ки варзишгарони кишвар дар чемпионатҳои Осиё дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар 20 медал – 4 тило, 3 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Медалҳои тилоро Ҷаҳон Қурбонов (-75кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64кг) соли 2019 соҳиб шуданд, хотиррасон намуд кумита.