Кишварҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои маъмули варзиширо эҳё мекунанд

Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи таҳияи барномаи нави варзишӣ ва эҳёи бозиҳои муштарак дар ду соли оянда ба мувофиқа расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои маъмули варзиширо эҳё мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон.
Сухан дар бораи Бозиҳои Осиёи Марказӣ меравад, ки мумкин аст дар ду соли оянда аз сар гирифта шаванд.
Ин мавзӯъ дар ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд.
Масъалаи ташкили бозиҳоро намояндагони кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо аҳд карданд, ки якҷоя барномаи варзишӣ тартиб диҳанд. Санаҳои дақиқ баъдтар муайян карда мешаванд.
Мавқеи футзалбозони тоҷик дар раддабандии ҷаҳонӣ маълум шуд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки механизмҳои муштараки такмили омодагии инфиродӣ ва муштараки кишварҳо ба соли 2023, ки марҳилаи интихобӣ дар роҳи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж хоҳад буд, таҳия кунанд.
Бо ин мақсад қарор дода шуд, ки иншоотҳои варзишӣ дар Осиёи Миёна воқеъгардида бо шартҳои ба ҳамдигар фоиданок истифода бурда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешавад.
Аввалин мусобиқаҳо моҳи сентябри соли 1995 дар Ӯзбекистон барпо гардиданд. Соли 1997 дар Қазоқистон, соли 1999 дар Қирғизистон ва соли 2003 дар Тоҷикистон.