Қариб ним миллиард боз зиёд шуд: эълони қарзҳои "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1”

Масъулини нерӯгоҳ мегӯянд, ба пуррагӣ пардохт нашудани барқ аз ҷониби "Барқи тоҷик" боиси он мегардад, ки уҳдадориҳояш дар назди буҷа иҷро нагардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” барои нерӯи барқ 454,16 миллион сомонӣ зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзудааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии нерӯгоҳи барқӣ дар умум қарзи ширкат ба 2,55 миллиард сомонӣ мерасад.
Интиқоли нерӯи барқ ​​ба НБО "Сангтӯда-1"дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 1 миллиарду 880 миллион киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 175 миллион кВт/соат ё 12,2 фоиз зиёд мебошад.
Масъулини НБО "Сангтӯда-1" бошад, мегӯянд, ки аз аввали соли 2022 сатҳи миёнаи пардохт аз ҶДММ "Барқи тоҷик" аз 33 фоизи арзиши нерӯи барқ ​​зиёд нест, ки ин боиси афзоиши пайвастаи қарзи ин нерӯгоҳ мегардад.
Қаблан ин гуфта мешуд, ки чунин пардохти "Барқи тоҷик" танҳо имкон медиҳад кори бефосилаи нерӯгоҳи барқи обӣ, таъмири нақшавӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон таъмин карда шавад.
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Аммо ин ба НБО-и "Сангтӯда-1" имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро дар назди саҳҳомон ва ҳамчунин дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ иҷро кунад.
Ахиран Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, ки маблағи қарзӣ НБО "Сангтуда-1" дар назди Кумитаи андоз 245,6 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, ки камшавии қарзи андози нерӯгоҳи барқи обӣ комилан аз ширкати “Барқи тоҷик” вобастагӣ дорд.
Қобили зикр аст, ки ин нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 670 МВт, панҷумин нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш мебошад. Нерӯгоҳ дар баробари "Норак" (3000 МВт) ва "Бойғозӣ" (600 МВт) яке аз се нерӯгоҳи калонтарин дар Тоҷикистон аст.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.