Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи РУДН иштирок мекунанд

Донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русия ва муассисаҳои таълимии хориҷӣ дар як олимпиадаи байналмилалӣ дониши забони русияшонро месанҷанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Донишҷӯён аз Тоҷикистон, Русия ва Беларус рӯзҳои 1-4 ноябр дар даври ҳузурии Олимпиадаи якуми байналмилалӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, таҳти унвони "Забони русӣ чун касб" ширкат мекунанд.
Дар ин бора Донишкадаи забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ беш аз сад донишҷӯй аз 25 донишгоҳ рӯзҳои 1-4 ноябр дар даври ҳузурии Олимпиадаи якуми байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Сабқати донишҷӯён дар Донишкадаи забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор мешавад.
Ба гуфтаи мудири донишгоҳ, раиси кумитаи тадорукоти олимпиада Анжела Должикова, олимпиада имкони беназир барои санҷидани дониш аз забони русӣ аз рӯи ихтисоси оянда мебошад.
Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард
Дар олимпиада хориҷиёне, ки дар бахшҳои "тиб", "муҳандисӣ", "экология", "ҳуқуқшиносӣ", "иқтисод", "гуманитарӣ ва иҷтимоӣ" таҳсил мекунанд, ширкат мекунанд.
Дар марҳилаи аввал 534 донишҷӯи хориҷӣ аз беш аз 60 донишгоҳи се кишвар рақобат карданд. Ғолибони даври аввалро даври дуюм рӯзҳои 1-2 ноябр интизор аст.
Мутахассисони оянда бояд иншо нависанд ва дар ҳалли вазифаҳои додашуда иштирок кунанд.
Хонандагоне, ки ин супоришҳоро бомуваффақият ичро мекунанд, 3-4 ноябр муборизаро дар наттоқӣ дар мавзуъҳои додашуда идома медиҳанд.
Иштирокдоронро дар баробари озмун инчунин барномаи тафреҳӣ интизор буда, сайри Маскав, шоми мусиқӣ ва тамоми филмҳо бо забони русиро шомил аст.
Олимпиадаи мазкур бо дастгирии бунёди "Русский мир" гузаронда мешавад.