ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Размоише, ки ахиран Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кард, бозгӯи омодагиҳо ба ҳама таҳдидоти ношӣ аз Афғонистон буд.
Дар баробари ин тамриноти густурда, ки бо ширкати беш аз ҳазор низомӣ ва садҳо техникаи ҳарбӣ сурат гирифт, мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ҳаракоти хатарзо дар пушти дарвозаҳои кишвар ҳушдор доданд.
Саидҷаъфар Усмонзода раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар низ бар ин назар аст, ки таҳдидоте, ки аз Афғонистон ношӣ аст, имрӯз барои ҳама пӯшида нест ва ин размоиш бар он нигаронида шуда буд, ки созмони СПАД барои посух ба ҳама ҳолатҳо омода аст.
“Тамриноти густурда намоиши қудрати созмон ва сатҳи омодагии он барои дифоъ аз марзҳо ва пуштибонӣ аз манофеи аъзояш буд”, - мегӯяд Усмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, гуруҳҳои террористӣ дар марзҳои Тоҷикистон ба таври муташаккилона барои марзҳои Осиёи Миёна пайдо шудааст ва амали онҳо дар Афғонистон як чизро нишон медиҳад, ворид шудан ба минтақа ва наздикӣ ба сарҳадоти Русия.
Ҷаноби Усмонзода дар суҳбат бо Afghanistan International мегӯяд, толибон бо пуштибонӣ аз хоҷагонашон дар Афғонистон онҳо то сатҳе муваффақ шуданд, аммо дар сурати таҳаррукоте ба Тоҷикистон посухи сангин хоҳанд гириф.
“Мо тоҷикон аз толибон ҳаросе надорем, ҷангро дидем, артиш дорем, нерӯи ҷангӣ ва афроди ҷангдидаи кофӣ низ дорем ва ҳама муқовиматро карда метавонем. Агар бихоҳем худи толибонро дар як моҳ аз Афғонистон нест мекунем. Мо ин қудратро дорем, вале то кунун мо ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат накардаем”, - таъкид кард мавсуф.
Коршиноси дигар масоили Афғонистон Раҳмон Уғли низ мегӯяд, мушкиле вуҷуд дорад, ки ҳамсоякишварҳо дар бораи амнияти марзҳояшон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ низоме, ки бо мардуми худ мушкил дорад, эътирофи на дохилӣ ва на хориҷиро дорад, маълум аст, ки мояи хатар бар атроф аст.