ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бар асари суқути ҳавопаймои ҷангии Су-30 дар болои хонаи истиқоматӣ дар Иркутск ду халабони озмоишгар - Максим Конюшини 50-сола ва Виктор Крюкови 43-сола ба ҳалокат расиданд. Талафот миёни сокинони минтақаи садама ба қайд гирифта нашудаст.
Волии Иркутск, Игор Кобзев хабар дод, ки ба аёдати хонаводаҳои халабонҳои ҳалокшуда рафта, ҳамдардӣ баён кардааст.
Зикр шудаст, ки Максим Конюшин халабони озмоишгари хидматнишондодаи Русия буда, майор Виктор Крюков халабони озмоишгари дараҷаи сеюм будаст.
Фарзияи асосии суқути ҳавопаймо аз кор мондани дастгоҳи таъмини ҳаво арзёбӣ мешавад, ки дар натиҷа халабонҳо беҳуш шудаанд.
Феълан барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсус ташкил карда шудааст, ки шомили мутахассисони корхонаҳои саноати ҳавонавардӣ ва пайжуҳишгоҳҳои махсус мебошад.
Кумитаи тафтишотии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ парванда боз карда, тафтишот идома дорад.
Дар мавриди хонае, ки ҳавопаймо болои он сарозер шудаст, хабар дода шуд, ки дар он ду оила зиндагӣ мекарданд. Дар як қисми бино модару писар ва дар қисми дуюм нафақахӯрон ва набераҳошон иқомат доштаанд, ки касе аз онҳо осеб надидаст.
Моҳи равон ин дуввумин ҳодисаи афтодани як ҳавопаймои низомӣ ба минтақаи истиқоматӣ мебошад. Қаблан чунин ҳодиса дар шаҳри Ейски Краснодар рух дода буд, ки дар он халабонҳо ҷон ба саломат бурданд, аммо миёни мулкиҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуда буд.