Сарвазири нави Британияи Кабир маълум шуд: Ӯ кист?

Рақиби асосии собиқ сарвазир Лиз Трасс ҷои ӯро гирифт: Риши Сунак ба таври автоматӣ ғолиби маъракаи кӯтоҳи интихоботӣ эълон карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Риши Сунак раҳбари нави Ҳизби консервативӣ ва сарвазири Британияи Кабир шуд.
Вай ягона номзаде боқӣ монд, ки дар маъракаи кӯтоҳи интихоботӣ ширкат дошт.
Рақиби асосии ӯ — роҳбари Палатаи ҷамъияти парлумонии Британия Пенни Мордаунт дар бораи ба охир расидани мубориза барои мансаби раҳбарии ҳизб ва сарвазирӣ хабар дод.
"Риши Сунак сардори нави ҳизби консервативӣ интихоб карда шуд", — гуфт Грэм Брэди, раиси "кумитаи 1922"-и Палатаи ҷамъиятҳо.
Интизор меравад, ки имрӯз раҳбарии ин ҳизбро собиқ вазири молияи 42-солаи кишвар ба уҳда бигирад.
Трасс истеъфо дод
Сунак дар ин мансаб ҷойгузини Лиз Трасс мешавад, ки рӯзи 20 октябр пас аз шикасти сиёсати иқтисодиаш истеъфо дод.
Вай камтар аз 50 рӯз нахуствазир буд ва рекорди баръакс гузошт.
Трасс рӯзи 6 сентябр ба ҷои Борис Ҷонсон, ки дар пайи як қатор ҷанҷолҳо истеъфо дод, ба мақоми сарвазирӣ расид.