ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Размикори варзидаи Тоҷикистон, Самандар Муродов ба созмони UFC роҳашро ҳамвортар кард. Мусобиқа барои роҳхат ба ин созмон 23-юми октябр дар шаҳри Абу-Дабии АМА сурат гирифт.
Варзишкори тоҷик барои ташкилоти бонуфузи UFC бо размикори пуртаҷриба аз Бразилия Ҷиан Сикуэйра вориди майдон шуд.
Муродов дар сонияи охири даври аввал рақибро бо усули буғӣ кардан ба танг оварда, маҷбур сохт, ки таслим шавад.
Самандар Муродови 23-сола зодаи ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон мебошад, ки дар Русия тамрину иқомат мекунад. Феълан ин размикори тоҷик дар ҳунарҳои размии омехтаи касбӣ 8 бор сабқат карда, пирӯз шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки Муродов дар сурати пайвастан ба ин созмон баъд аз Нурулло Алиев дувумин размикори хоҳад буд, ки ба ташкилоти бонуфузи UFC роҳ ёфт.
Алиев моҳи сентябри соли равон Ҷош Уики амрикоӣ дар шаҳри Лас-Вегас дар даври аввал шикаст дода, соҳиби роҳхат гардида буд. Ҳамин тариқ Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шуд.
То ин марҳила пеш размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.