ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар нерӯгоҳи барқии обии "Норак" агрегати нав ба кор даромад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Сарвари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввалро баъди таъмиру таҷдиди он ба истифода дод.
Гуфта мешавад, ки чархаи нав тайи се моҳи охир дар озмоишҳои корӣ қарор дошт ва билохира бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифт.
Лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳ аз моҳи марти соли 2019 идома дорад. Он ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳалаи якум — азнавсозии се чарха, дар навбати дуюм — шаш чарха, ки бо таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон таъмир карда мешаванд.
Дар нихояти кор тачхизоти ГЭС ба куллй нав карда мешавад — инхо 3 ха-ланги электрикии комплекси зеризаминй, шлюзхо, базахо, системаи идоракунй ва назорати станция, инчунин 27 кран ва элеватор мебошанд.
Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии неругоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати неругоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд.
Таъмири дарбандҳои бефи поëн ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло таҷзияи чархаи чоруми неругоҳ идома дорад. Дар толори мошинҳо ва майдони васлгарии кушода васли статор ва ротори генератори навбатӣ идома дорад. Иттилоъ доданд, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” трансформатори қуввагии №4 таҷзия шуда, васли трансформатори нав пеш меравад.
Муайян карда мешавад, ки бо мақсади таъмини бехатарии сарбанди нерӯгоҳ санҷишҳои муҳандисию геологӣ, мониторинги геодезӣ ва сейсмикӣ гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи пурра ба амал баровардани лоиҳа истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи ӣарқи НБО-и Норак 1,4 миллиард киловатт-соат меафзояд.